LIVE

Роналду дар МЮ бори чорум аст, ки беҳтарин бозигари моҳ интихоб мешавад

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бар асоси иттилои сомонаи бошгоҳи инглисӣ, беҳтарин бозигари моҳи апрел дар МЮ эълон шуд. Ин унвонро ӯ дар мавсими ҷорӣ бори чорум аст, ки ба даст меорад. 
Ҳуҷумкунандаи 37 сола дар бозии даври 35-уми чемпионати Англия муқобили дастаи “Брентфорд” (3:0) яг гол аз пеналтӣ ба самар расонид.
Барои футболбози португалӣ ин голи 14-ум дар варзишгоҳи хонагии даста дар ин мавсим буд. Ҳоло ин натиҷаи беҳтарин миёни футболбозони ПЛА маҳсуб мешавад.
Пас аз Роналду футболбози дастаи “Тоттенхэм”-и шаҳри Лондон Сон  Хин  Мин бо 13 гол , Муҳаммад Салоҳ бо 11 гол, Садио Мане бо 10 гол, Кевин де Брюйне бо 9 голӣ   мавқеъ гирифтаанд.
Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои ПЛА бошад, Муҳаммад Салоҳ аз дастаи “Ливерпул” бо 22 гол ва 13 ирсоли головар пешгом аст.  Сон Хин Мин дар зинаи дуюм бо 19 гол ва 7 ирсоли головар дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мавсими кунунии ПЛА маскан гирифтааст. Роналду бо 18 гол ва 3 ирсоли головар таъқибкунандаи Сон ва Салоҳ аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив