LIVE

Новобаста аз идомаи мавсим беҳтарин бозигари ПЛА маълум шуд

Нашрияи The Telegraph рӯйхати беҳтарин бозингарони мавсими ПЛА-ро ба табъ расонид. Беҳтарин бозингари мавсим ниммуҳофизатгари белгиягии бошгоҳи "Ман Сити" - Кевин де Брёйне интихоб гардид. Дар мавқеи дуюм ниммуҳофизатгари бошгоҳи "Ливерпул" - Ҷордан Хендерсон ва дар зинаи сеюм дифоъгари дастаи номбурда Александр Арнолд қарор гирифтанд.

Топ-10 рӯйхати бозингарони беҳтарини мавсими кунунии ПЛА тибқи фарзияи The Telegraph:
1. Кевин де Брёйне («Манчестер Сити»)
2. Ҷордан Хендерсон («Ливерпул»)
3. Трент Александер-Арнолд («Ливерпул»)
4. Ҷек Грилиш («Астон Вилла»)
5. Садио Мане («Ливерпул»)
6. Серхио Агуэро («Манчестер Сити»)
7. Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»)
8. Вирҷил ван Дейк («Ливерпул»)
9. Ҷейми Варди («Лестер Сити»)
10. Рияд Маҳрез («Манчестер Сити»)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив