LIVE

Ҳайати рамзии ЛЧ-ҳо муайян шуд

УЕФА исми 20 футболбозеро, ки ба ҳайати рамзии мавсими ҷории Лигаи чемпионҳо ворид шудаанд, нашр кард. Дар ин феҳрист Лионел Месси ва Криштиану Роналду ҷо дошта, ғолиби мусобиқа Муҳаммад Салоҳ ворид нашудааст.

Ҳайати рамзии ЛЧ дар ин мавсим ба таври зайл аст:

Алиссон, Трент Александер-Арнолд, Вирҷил ван Дейк, Эндрю Робертсон, Жоржинио Вейналдум, Садио Мане (ҳама аз «Ливерпул»), Маттейс де Лигт, Френки де Йонг, Давид Нерес, Ҳаким Зиеш, Душан Тадич (ҳама аз «Аякс»), Танги Ндомбеле («Лион»), Кевин де Брёйне, Раҳим Стерлинг (ҳар ду аз «Манчестер Сити»), Марк-Андре тер Стеген, Лионел Месси (ҳар ду аз «Барселона»), Ян Вертонген, Муссо Сиссоко, Лукас Моура (ҳар се аз «Тоттенхэм»), Криштиану Роналду («Ювентус»).

“Ливерпул”, ки дар финал бо ҳисоби 2-0 “Тоттенхэм”-ро шикаст дод, ғолиби ЛЧ дар ин мавсим шуд. Мерсисайдиҳо бори 6-ум ҷоизаи асосии Аврупо барои бошгоҳҳоро соҳиб шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив