LIVE

Роналду дар феҳристи голзанҳои Премйер Лига дуюм шуд

Ҳамлагари дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду дар бозии мавқуф гузоштаи даври 37-уми Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 бо “Челси” (1:1) гол зад.
Ин голи 17-уми португалӣ дар Премйер Лига мебошад.  Роналду бо форварди «Тоттенхэм» Сон Хён Мин дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои чемпионат дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар сабқати голзаниҳо ҳамлагари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ бо 22 гол пешсаф аст. 
Дар мавсими ҷорӣ Роналду дар 28 бозӣ ширкат карда, 17 гол ва 3 партофти головар намудааст.
Пас аз 33 даври бозӣ "Челси" дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 дар ҷои сеюм қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив