LIVE

Салоҳ беҳтарин нишонзани африқоӣ дар таърихи Премйер Лига

Хет-трик дар муқобили “Манчестер Юнайтед” Муҳаммад Салоҳро дар садри феҳристи голзанҳои африқоӣ дар таърихи Премйер-Лигаи Англия қарор дод. Ҳоло Салоҳ 107 гол дорад, ки се гол бештар аз ҳамлавари собиқи “Челси” - Дидйе Дрогба аст. Намояндаи дигари “Ливерпул” Садио Мане ба наздикӣ садумин голи худро дар Премйер-Лига зад, метавонад дар ояндаи наздик бо Салоҳ мубориза барад.
Феҳристи беҳтарин нишонзанҳои африқоӣ:
107    Муҳаммад Салоҳ
104    Дидйе Дрогба
100    Садио Мане
97    Эммануэл Адебайор
95    Якубу Айегбени

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив