LIVE

Роналду беҳтарин бозигари моҳи апрел дар Премйер-Лига эълон шуд

Ҳамлагари 37-солаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду беҳтарин бозигари Премйер-Лигаи Англия дар моҳи апрел гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии ин мусобиқа. Ин дуввумин ҷоиза барои Роналду дар мавсими ҷорӣ аст - ӯ қаблан дар моҳи сентябр беҳтарин бозигари Премйер Лига эътироф шуда буд. Қобили зикр аст, ки дар маҷмуъ Роналду шаш бор бозигари беҳтарини моҳ дар чемпионати Англия гардидааст. Аз рӯи ин нишондод ӯ бо рекордгузорони қаблӣ   Ҳарри Кейн ва Серхио Агуэро баробар шуд. Роналду тобистони соли 2021 ба «Манчестер Юнайтед» баргашт. Криштиану дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар тамоми мусобиқаҳо 39 бозӣ анҷом дода, ба задани 24 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Дар моҳи апрел ҳамлагари португалӣ дар Премйер-Лига 4 бозӣ анҷом дода, 5 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив