Сармураббии «Манчестер Юнайтед» - Эрик тен Хаг мехоҳад бо Криштиану Роналду шахсан худаш вохӯрӣ анҷом диҳад. Ба иттилои манбаъ, гуфтугӯи тарафҳо дар замони бозгашти Роналду ба маҳалли ҷойгиршавии бошгоҳ барои оғози тамрини пеш аз мавсим ба нақша гирифта шудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду аз раҳбарияти «Девҳои сурх» хоҳиш кардааст, ки ба ӯ иҷозаи дағйири даста диҳад. Аз ҷумла, ҳамлагари португалӣ аз фаъолияти бошгоҳ дар бозори трансфер дар муқоиса бо дигар дастаҳои Премейр Лига норозӣ аст. Инчунин хабар дода шуд, ки Роналду аз роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» хоҳиш кардааст, ки дар равзанаи трансфери тобистона 6-7 нафари навро харидорӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натоиҷи мавсими 2021/2022, Роналду ба беҳтарин нишонзанҳои “Манчестер Юнайтед” табдил ёфт.