LIVE

"Манчестер Юнайтед" маоши Роналдуро коҳиш дод

«Манчестер Юнайтед» маоши ҳамлагар Криштиану Роналдуро  25 фоиз коҳиш дод. Дар ин бора  Daily Mail хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи шартномаи Роналду, маоши ӯ дар бошгоҳ ба далели ба Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфтани даста дар охири мавсими гузаштаи чемпионати Англия кам шудааст. "Манчестер Юнайтед" ин бандро фаъол кард, аммо худи Роналду аз тасмими клуб дар бораи кам кардани маош норозӣ аст, бо вуҷуди он ки  дар мавсими гузашта дар Премйер Лига 18 гол задааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду мехоҳад «Манчестер Юнайтед»-ро тарк карда, ба клубе, ки дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад, гузарад. Яке аз вариантҳои идомаи касби ҳамлагари португалӣ "Наполи" аст. Роналду метавонад ба клуби итолиёвӣ ба иҷора гузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив