LIVE

Мендеш: "Роналдуро ба иҷора диҳед..."

Ба гузориши хабаргузории COPE, Жорже Мендеш агенти ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бо раҳбарияти бошгоҳ вохӯрӣ анҷом дода, барои футболбоз пешниҳод кардааст.

Ба иттилои манбаъ, агент аз роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» хоҳиш кардааст, ки шартномаро бо ин бозигар тамдид кунад ва баъд аз он Роналдуро барои як мавсим ба дастае, ки дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад, ба иҷора диҳад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Манчестер Юнайтед» имкони ба иҷора додани ҳамлагари португалиро баррасӣ мекунад. "Девҳои сурх" интизор доранд, ки дар охири мавсими оянда клуб метавонад ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад ва Роналду ба даста бармегардад ва аллакай дар мавсими 2023/2024 ба ӯ кӯмак мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив