LIVE

Роналду ва Месси дар миёнаҳои моҳи январ бо ҳам бозӣ мекунанд

ПСЖ-и Фаронса тасмим гирифтааст, ки дар танаффуси зимистонаи чемпионати Фаронса бо дастаҳои Арабистони Саудӣ аз ҷумла  «Ал-Наср» ва «Ал-Ҳилол» бозии дӯстона анҷом диҳад. 
Ба гуфтаи ин манбаъ, ПСЖ метавонад дар нимаи моҳи январ бо тимҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Ҳилол” бозӣ кунад.
Лионел Месси, ҳамлагари аргентинӣ дар ҳайати дастаи ПСЖ бозӣ мекунад. 
Ҳамчунин қаблан маълум шуд, ки ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бозигари тими “Ал-Наср” гардид. Ҳамин тариқ, ин ду футболбози машҳур метавонанд дар аввали соли 2023 бо ҳам вохӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив