LIVE

Мехоҳед ё намехоҳед, Роналду ба “Ал-Наср” рафт

Криштиану Роналду фаъоляити футболбозии хешро дар тими “Ал-Наср”-и А. Саудӣ  идома медиҳад.   Криштиану Роналду баъди тарки дастаи МЮ намудан, дар кишварҳои аврпуоӣ барои хеш ҳеҷ тимеро пайдо накард.  Роналдуи 37-сола бо бошгоҳи саудии “Ал-Наср” шартномаи 2 сола ба имзо расонид. 

Бастани шартномаро ҷонибҳо тасдиқ карданд ва ин қарордоди бузургтарин аз лиҳози молиявӣ гуфта мешавад. 
Бо ин қарордод Роналду сердаромадтарин футболбози ҳама давру замон гашт.

Чунки дар ду мавсиме, ки дар ҳайати бошгоҳи саудӣ бозӣ бикунад 400 млн доллари амрикоӣ ба даст хоҳад овард. Баъди расман расонаӣ шудани шартнома, Роналду ба расонаҳои арабӣ фикру андешаи хешро дар мавриди гузариши хеш баён кард. 

Ӯ гуфт, “Бесаброна интизорам то дунёи дигари футболро дар Лига ва кишвари дигар барои худам боз кунам. Ҳадафҳоеро, ки бошгоҳи “Ал-Наср” ба нақша гирифтааст ба ман рӯҳияи дучанд хоҳад дод ва хушҳол мешавам, агар бо ин тим ба дастовардҳои бузург мушарраф бишавам”. 
Роналду бо “Ал-Наср” қарордоди тӯлонӣ баст ва ӯ ҳамзамон дар баргузории чемпионати ҷаҳони соли 2030, ки Арабистон яке аз довталабони баргузории мусобиқа мебошад, нақши муҳим хоҳад гузошт.
 
Роналду акнун дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бозӣ мекунад ва агар тақдир баландӣ кунад, дар ин мусобиқа метавонад, “Ал-Наср” рақиби “Истиқлол” шавад ва мо Роналдуро дар варзишгоҳи макразии Душанбе дида метавонем. 

Ҳоло қуръакашии мавсими ҷадиди Лигаи Чемпионҳои Осиё баргузор нагардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив