LIVE

Роналду дар бораи гузаришаш ба "Ал-Наср" ҳарф зад

Ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду пас аз бозӣ бо Швейтсария дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар гузаштан ба “Ал Наср”-ро рад кард.
"Оё ман ба "Ал-Наср" меравам? Не, ин дуруст нест", иқрор шудааст Роналду.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки қарордоди португалӣ ба муҳлати 2,5 сол бо маошаш тақрибан 200 миллион евро дар як мавсим баста мешавад, бо шумули даромади реклама. Ҳамин тариқ, дар давоми будаш дар бошгоҳи Саудӣ Роналду тақрибан 500 миллион евро ба даст меовард.
Криштиану Роналду дар бозӣ бо Швейтсария дар дақиқаи 73-юми дидор вориди майдон шуд. Ин бозӣ барои Роналду 21-умин бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон буд. Аз рӯи ин нишондод ҳамлагар ба футболбози афсонавии аргентинӣ Диего Марадона баробар шуд. 
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябр "Манчестер Юнайтед", клуби собиқи Роналду пас аз мусоҳибаи ҷанҷолӣ шартномаашро қатъ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив