LIVE

Роналду ба ҷуз аз “Ал-Наср” дигар роҳи рафтан надорад

Ба гузориши AS, ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду то ҳол танҳо як пешниҳод гирифтааст, ки он аз ҷониби  тими “Ал-Наср”-и А. Саудӣ мебошад. 
Қайд карда мешавад, ки ин ягона клубест, ки ба футболбози 37-сола расман пешниҳод кардааст. Ҳамчунин, Қатар "Ас-Садд" варианти даъватро баррасӣ мекард, аммо ба ҳеҷ гуна музокира наомад. 

Ба иттилои манбаъ, маоши Роналду дар «Ал-Наср» беш аз 200 миллион евроро ташкил медиҳад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи Арабистони Саудӣ интизор дорад, ки бо португалӣ то охири соли 2022 шартнома банданд.

Ёдовар мешавем, ки Роналду мавсимро дар “Манчестер Юнайтед” оғоз карда буд, аммо қарордод бо бошгоҳи инглисӣ, қабл аз баргузории Ҷоми ҷаҳон дар Қатар қатъ карда шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив