Криштиану Роналдуи 38-сола, ки феълан бозигари тими “Ал-Наср” мебошад, ҷоизаи беҳтарин бозигари моҳ дар чемпионати Арабистони Саудиро гирифт. Ҷоиза ба ин ҳамлагар пас аз бозии даври 19-ум бо тими “Ал-Батин” (3:1) супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта Криштиану дар чор вохӯрӣ ширкат карда, 8 гол ва ду ассист кардааст. Криштиану дар аввали моҳи январ ба сафи «Ал-Наср» пайваст. Маоши Роналду дар Арабистони Саудӣ 200 миллион евро хоҳад буд.
Ин аввалин ҷоизаи инфиродии Роналду дар Лигаи Арабистони Саудӣ мебошад. Ӯ дар замони фаъолияти худ дар чор Лигаи футбол - Англия, Испания, Италия беҳтарин интихоб шудааст.