LIVE

Роналду дастаи “Ал-Наср”-ро пирӯз кард

Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Шабоб” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк” –и шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди футболбозони шаҳри Риёз анҷом ёфт.
Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати “Ал-Наср” – Криштиану Роналду (ду маротиба) Садио Мане ва Султон ал Ғаннам ба самар расониданд.
Дар ин бозӣ Роналду ду гол ва як ирсоли головар анҷом дод. Ҳамчунин, Роналду як голи дигар ба самар расонид, лек онро ба инобат нагирифтанд. Роналду як пеналтии дигарро ба ҳамдастааш Абдулраҳмон Ғариб дод, лек ӯ гол зада натавонист.
Ҳоло Криштиану бо 5 гол ва 2 ирсоли головар беҳтарин нишонзани мавсими имсолаи чемпионати Арабистони Саудӣ маҳсуб мешавад.
Ин ғалабаи дуюми дастаи “Ал-Наср” дар 4 даври мусобиқа маҳсуб мешавад. Ҳоло даста бо касби 6 имтиёз дар зинаи 6-ум аст. “Ал-Шабоб” бо 2 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Ал-Иттиҳод” бо 12 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқот аст.
Ҳамакнун, дар даври оянда, рӯзи 2-юми сентябр “Ал-Наср” бо “Ал-Хазм” ва “Ал-Шабоб” бо “Ал-Халиҷ” дар ҳамин рӯз андари майдони рақобат мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив