LIVE

“Ал-Наср” ба даври гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо сууд кард

Дар бозии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои Осиё дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Аморати Муаттаҳидаи Араб андари майдони рақобат гардиданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Бозии дастаҳо бисёр ҳам тезутунд ҷараён гирифт. Наздик буд, ки Роналду ва ҳамдастаҳояш аз ин дастаи шаҳри Дубай мағлуб шаванд, лек дар даҳаи охир бозӣ ранги дигар гирифт. Дастаи “Ал-Наср” на танҳо ҳисобро баробар кард, балки бо тафовути 2 гол бозиро ба анҷом расонид.
Голҳоро дар ҳайати тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” – Яҳё Алғассани ду маротиба дар дақиқаҳои 18-ум ва 46-ум ба самар расонид. Аз ҳайати “Ал-Наср” – Андерсон Талиска дар дақиқаҳои 11, 90+5, Султон Ал – Ғаннам дар дақиқаи 88-ум ва Марсело Брозович дар дақиқаи 90+7 аз ирсоли головари Роналду истифода бурда, ба самар расониданд.
Бо ин ғалаба дастпарварони Луиш Каштру ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки қуръакашии мусобиқаи мазкур рӯзи 24-уми август баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи қораи Осиё – Тоҷикистони биҳиштосоро дастаи “Истиқлол” намояндагӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив