LIVE

 “Ал-Наср” ғолиби Ҷоми қаҳрамонҳои араб шуд!

Бошгоҳи “Ал-Наср” дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои араб бар тими “Ал-Ҳилол” пас аз вақти изофӣ бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Таифи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ки ҳарду бошгоҳ дар чемпионати ин кишвар бозӣ мекунанд.
Дар ҳайати ғолибон Криштиану Роналду дар дақиқаҳои 74 ва 98-ум голҳоро марбути номи хеш кард. Ягона голи дастаи “Ал-Ҳилол” –ро дар дақиқаи 51-ум Микаэл ба самар расонид. Дар дақиқаи 71-ум ҳимоятгари тими “Ал-Наср” - Абдулела ал-Амрӣ барои қоидавайронкунӣ корти сурх гирифта бозибадар шуд.
Ҳамчунин сармураббии дастаи “Ал-Наср” барои баҳс бо довар корти сурх гирифт. Роналду дар дақиқаи 115-ум иваз карда шуд, ӯ бо кӯмаки табибон бинобар ҷароҳати зонуаш майдонро тарк кард.
Роналду беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Криштиану дар 6 бозӣ ба задани 6 гол мушарраф гардид. Роналду моҳи декабри соли 2022 ба «Ал-Наср» гузашт ва аввалин ҷоми худро бо даста ба даст овард. Футболбоз барандаи панҷкаратаи "Тӯби тиллоӣ", барандаи панҷкаратаи Лигаи қаҳрамонҳо, қаҳрамони Аврупо, ғолиби Лигаи Миллатҳо ва инчунин беҳтарин нишонзан дар таърихи дастаҳои миллӣ, чемпионатҳои Аврупо, Лигаи чемпионҳо, Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо ва “Реал Мадрид” аст.
Португалиягӣ 35-умин Ҷомро дар корномаи варзишиаш ба даст овард ва бори аввал аз моҳи майи соли 2021, вақте ки ӯ бо “Ювентус” Ҷоми Италияро ба даст оварда буд. Рекорддорони ин нишондод Лионел Мессии аргентинӣ ва Дани Алвес аз бразилӣ мебошанд (ҳар кадом 43 ҷом ). Дар баробари ин, португалӣ бо задани 20 гол ба 10 голзани беҳтарини «Ал-Наср» дохил шуд. Беҳтарин нишонзан дар таърихи бошгоҳ ҳамлагари саудӣ Муҳаммад ал-Саҳлавӣ (125 гол) мебошад.
«Ал-Наср» барои аввалин бор дар таърих барандаи Ҷоми бошгоҳи қаҳрамонҳои араб шуд. Дар баробари ин ба команда муяссар шуд, ки бори аввал ба финали мусобиқа баромад. «Ал-Ҳилол» ду маротиба (солҳои 1994 ва 1995) ғолиби ин мусобиқа шуд. Рекорддорони пирӯзӣ дар Ҷоми дастаҳои араб “Ал-Рашид” аз Ироқ (1985-1987) ва “Эсперанс” аз Тунис (1993, 2009, 2017) мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив