LIVE

Роналду боз корашро кард

Бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар он ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бозӣ мекунад, дар даври ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои араб бар тими «Ал-Шорта»-и Ироқ пирӯз шуд.
Ягона голи бозиро 15 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ аз зарбаи 11 метра аз ҷониби Роналдуи 38 сола ба самар расонида шуд. Дар қисми аввали бозӣ Роналду дар дақиқаи 30-юм ҳисоби бозиро боз кард, лек пас аз тамошои VAR довар голро бекор кард.
Бояд гуфт, ки бошгоҳи Арабистони Саудӣ дар даври ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Арабистон бо дастаи «Ал-Ҳилол» -и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. “Ал-Ҳилол” дар даври нимниҳоии мусобиқа бар «Ал-Шабоб» -и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба кард. Финали мусобиқа рӯзи 12-уми август баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив