LIVE

«Истиқлол» ба Арабистони Саудӣ меравад

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои баргузор кардани бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар минтақаи Ғарб ба мисли соли гузашта ба Арабистони Саудӣ меравад.
Ба иттилои манбаъ, «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» и «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.
Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив