LIVE

Рақибони «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳо маълум шуданд

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор шуд.
Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар сабади сеюм ҷойгир буд, ба гурӯҳи «А» дохил шуд, ки  рақибонаш ғолиби кунунии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дастаи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Раян»-и (Қатар) ва ғолиби ҷуфти   «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завра» (Ироқ) гардиданд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё  дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 7 то 27 апрел баргузор мешаванд. Бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 3 ва 4 феврали соли 2023 баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякфинал 7 феврал, ниманиҳоӣ 10 феврали соли оянда баргузор мешаванд.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО аз ду бозӣ иборат буда, рӯзҳои 19 ва 26 феврали соли 2023 баргузор мегардад. Бозии аввалро дар минтақаи Ғарб дастаи финалист ва бозии ҷавобиро дар Шарқ дастаи дигари финалист мегузаронад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив