LIVE

"Истиқлол" “Ал-Аҳли”-ро низ аз сари роҳаш берун сохт

Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол» -и Душанбе ғалабаи сеюмро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба даст овард.
Дар даври панҷум «Истиқлол» бар “Шабаб Ал-Аҳлии Дубай” аз АМА бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи пирӯзиоварро қаҳрамони Тоҷикистон дар дақиқаи 90 + 6 зад. Капитани даста Алишер Ҷалилов аз партофти саривацтии Муҳаммадҷон Раҳимов истифода бурда, голи тақдирсози бозиро ба ҳадаф расонид. 
Дар бозии дигари гурӯҳи А, “Ал-Ҳилол” бар тими АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. 
Аз рӯи натиҷаҳои панҷ давр дар гурӯҳӣ "А" дастаҳои "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол" бо  10-имтиёзӣ садрнишин маҳсуб мешаванд
Акнун, дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, қаҳрамони Тоҷикистон, "Истиқлол" -и Душанбе бо АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 30-юми апрел баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив