LIVE

«Истиқлол» ҷамъомади тамринии худро дар Туркия ба анҷом расонид

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ҷамъомади таълимию тамринии худро дар Туркия ба аныом расионид.
Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ҷаҳор дидори санҷишӣ анҷом дод. Бозии чаҳорум ва ниҳоии санҷиширо рӯзи 3-юми март бо бошгоҳи «Новосибириск»-и Русия баргузор кард. Ин бозӣ, ки дар майдони футболи маҷмааи варзишии «Папиллон»-и шаҳри Белек баргузор шуд, бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом пазируфт.
Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар аввалин бозии санҷишӣ аз тими “Металлист”-и Харков, пешсафи дивизиони аввали Украина, бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буд. Бозии дуюми санҷишӣ муқобили бошгоҳи «Ауда»-и Латвия бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. «Истиқлол» дар бозии сеюми санҷишӣ аз бошгоҳи «Валмиера», ноиби қаҳрамони Латвия, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид.
Ба ин тартиб, дастаи «Истиқлол», ки дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия чаҳор бозии санҷишӣ анҷом дод, дар сетоаш шикаст хӯрда, як бозиро бо натиҷаи мусовӣ ба поён расонид.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи «Истиқлол», гуфт, «мо дар ин ҷамъомад ҳаҷми корҳоеро, ки ба нақша гирифтаем, комилан иҷро кардем. Рақибонамон дастаҳои пурқуввату пуртаҷриба буданд. Бачаҳои мо муқобили онҳо хуб бозӣ карданд. Дар ҷараёни ин бозиҳо камбудиҳо низ ошкор шуданд, ки мо аз пайи ислоҳи онҳо мешавем. Бархе аз бозигарони моҳири тоҷик ба бошгоҳҳои хориҷӣ гузаштанд, ки ин ба бозии даста бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, ҳоло мо ҷавононро озмоиш кардем, то ки онҳо дар ҳайати асосӣ мавқеи сазовор пайдо кунанд ва дар оянда дар футболи тоҷик номҳои нав ба миён ояд.»

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» и «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.
Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив