LIVE

Аввалин ғалабаи тими миллии Тоҷикистон дар соли 2021

Дар шаҳри Дубай дар варзишгоҳи "Ассосиатсияи футболи АМА" бозии дуюми дӯстона байни яккачинҳои Урдун ва Тоҷикистон баргузор шуд. Бозии дастаҳо тезу тунд ҷараён гирифта, бо ҳисоби 0-1 ба нафъи миллипӯшони мо ба анҷом расид. Голи ягонаи бозиро футболбози дастаи "Истиқлол" ва тими миллии кишвар - Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонид. Ин аввалин пирӯзии мунтахаби футболи кишвар дар соли нави 2021 ба ҳисоб меравад. Хотиррасон мекунем, ки шогирдони Усмон Тошев дар бозии аввал бо ҳисоби 2-0 аз урдуниҳо шикаст хурда буданд. Ҳамин тариқ ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии кишвар дар Дубай ба охир расид. Ин машқҳои дастаҷамъӣ ва ҳамзамон бозиҳои дӯстонаи  футболбозони мо як марҳилаи омодагӣ ба бозии интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон, ки 25-уми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, баҳсуб меёбад.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив