LIVE

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Урдун

Тими миллии футболи кишвар бозии дӯстонаи худро бо тими миллии Урдун баргузор кард. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуда, бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Урдуниҳо ҳарду голи худро дар қисмати аввали бозӣ ба ҳадаф расониданд. Голи аввалро дар дақиқаи 37-уми рақобат Аҳмад Ҳамдунӣ аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Як дақиқа мондан то анҷоми нимаи аввали бозӣ футболбози дигари урдуниҳо, Муҳаммад Абу Зрайк голи дуюмро вориди тури дарвозаи тими миллии Тоҷикистон намуд. Ҳамин тавр, бозии аввали дӯстона байни Урдун ва Тоҷикистон бо ҳисоби 2-0 бо ғалабаи урдуниҳо ба итмом расид.
Бозии навбатии дастаҳо рӯзи ҷумъа, 5 феврал, дар Дубай баргузор мешавад

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив