LIVE

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими «Чертаново» ғалаба кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия пирӯзии дувумро ба даст овард. Дастаи Аҳлиддин Турдиев дар бозии санҷишӣ бар «Чертаново»-и Маскав пирӯз шуд. Бозии назоратӣ  18-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и Сиде баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи дуюми бозӣ Абдулфаттоҳ Худойдодзода боз карда, дар дақиқаи 52-юм нимҳимоятгар Азизбек Ҳаитов бартарии дастаи моро дучанд кард. 

19-уми феврал, шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар ҷамъомади тамринии Анталия бозии чаҳоруми санҷишии худро анҷом медиҳанд. Ин дафъа бо ҳайати ҷавонони "Криля Советов" хоҳад буд.

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Чертаново-М» (Русия) – 2:0

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 2 (1:0). Азизбек Хаитов, 52 (2:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив