LIVE

Шикасти навбатии мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия идома медиҳад. 31 январ, дастпарварони Зайниддин Раҳимов бозии дӯстонаи навбатии худро дар Анталия баргузор карданд.

Дар бозии сеюми санҷишӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими миллии Булғористон, ки қаблан бо он мусовӣ (1:1) карда  буд, вохӯрд. Ин дафъа бозӣ бо ғалабаи минималии футболбозони булғорӣ — 2:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати тими мо як голро Муҳаммадҷони Сатторӣ, ки дар қисми дуюм ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад, ба самар расонид.

Вохӯрии ниҳоии санҷишии худро  дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия наврасони Тоҷикистон  рӯзи панҷшанбеи 3 феврал бо тими Мексика баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив