LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ба Туркия сафар кард

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи барвақт барои анҷоми тамрини дуҳафтаина ба Туркия парвоз кард.

Барои ҷамъомади тамринӣ дар  Туркия, ки аз 20 январ то 4 феврал идома хоҳад кард, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия чаҳор бозии санҷишӣ дар назар гирифта шудааст. 

Дастаи Зайниддин Раҳимов пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

 

Ҳайати мунтахаби  Тоҷикистон (U-16) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:


Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Абубакр Маҳмудов (ҳарду - Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Нигматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманон Ҳоҷӣ Нӯъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама – Академияи футболи ФФТ).

Сармураббӣ Зайниддин Раҳимов мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив