LIVE

Хубони футболбоз ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 омода мешаванд

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба ҷамъомади дуюми омӯзишӣ дар Душанбе оғоз кард.
Барои ҷамъомади дувум, ки то 28 август идома меёбад, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев 24 бозигар - 4 дарвозабон, 8 мудофеъ, 8 нимҳимоятгар ва 4 муҳоҷимро ҷалб кард.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи В бозӣ мекунад. Рақибони мо тимҳои миллии Ветнам, Малдив ва Афғонистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ дар чаҳоргонаи "В" аз 23 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳайати мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова («Зебонисо»), Адолатхон Комилова («Хатлон»), Муниса Гулова («Зебо»), Дилноза Нурова («Ҳосилот»);
Мудофеъон: Саҳина Саидова («Хатлон»), Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулхаева, Карина Мирзоева, Шамсия Ҳусейнова (ҳама – «Зебонисо»), Лайло Қучкинова («Зебо»), Муниса Мирзоева-II («Равшан»), Фарзона Раупова («Конибодом»);
Нимҳимоятгарон: Зулайхо Сафарова («Зебо»), Ҷонона Қурбонова, Мадина Давлятова, Некубахт Худододова (ҳама – «Зебонисо»), Барно Хоҷазода («Равшан»), Беназир Ҷумахонзода («Хатлон»), Муниса Мирзоева-I (бе даста), Наталя Сотникова (бе даста);
Муҳоҷимон: Лайло Ҳалимова, Меҳрангез Шарифова (ҳарду – «Хатлон»), Дилдора Раҳмонова («Конибодом»), Малика Қаюмова («Чашма»).
Сармураббӣ – Юсуф Рабиев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив