LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон тамринҳои худро шуруъ кард

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ҳайати дастаро барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 17 то 21 июл дар Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.
Ба ҳайат 14 бозигар - 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон даъват карда мешаванд. Аксари бозигарони тими миллиро футзалбозони  "Соро Компания"  ташкил мекунанд. Шаш бозигар аз «Сипар» -и Хуҷанд даъватнома гирифтанд.  Аз "Истиқлол" -и Душанбе боз ду бозигарро ба ҳайати дастаи мунтахаб вогузор кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе то 21 июл идома хоҳад кард. Субҳи барвақти 22 июл ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021»  ба Бангкок парвоз мекунад. Дар мусобиқа дар Тайланд дастаи мо дар гурӯҳи "В" ҳамроҳ бо тимҳои миллии Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи "А" дастаҳои Таиланд, Ӯзбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов (Сипар), Нуриддин Ҷабборов (Соро-компания);

Бозигарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Икбор Воситзода, Бахтиёр Солиев.

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив