LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021» ширкат меварзад

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нав Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл дар Бангкок баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар ин мусобиқа ҳашт дастаи мунтахаб ширкат меварзанд. Илова бар дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар байни ширкаткунандагони мусобиқа Таиланд, Литва, Эрон, Ӯзбекистон, Миср, Мозамбик ва Косово низ ҳастанд.
Рӯзҳои наздик қуръакашии мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021»  баргузор мешавад. Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 хоҳад буд, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив