LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Continental Futsal Championship иштирок мекунад

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Continental Futsal Championship 2021, ки аз 25 то 30 июл дар Бангкок баргузор мешавад, муайян шуданд. Дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд. Рақиби футзалистони тоҷик тимҳои Эрон, Миср ва Литва хоҳанд буд. Ҳарсе рақиби дастаи мо иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 мебошанд. Дар гурӯҳи “А” бошад, дастаҳои Таиланд, Ӯзбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Тибқи низомномаи мусобиқаи байналмилалии Continental Futsal Championship, пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад.Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 хоҳад буд, ки моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив