LIVE

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Белорус ба Туркия рафт

Баъд аз анҷоми мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2020” мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон, ки мақоми дуюмро ишғол кард, барои омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 аз Белорус ба Туркия сафар кард. Ҷамъомади таълимию тамринии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ду ҳафта давома мекунад. Дар ҷараёни омодагӣ наврасони кишвар 4 бозии дӯстона баргузор хоҳанд кард. Хотиррасон мекунем, ки ҷамъомади таълимию-тамринӣ дар кишвари Туркия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив