Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 дар Баҳрайн мунтахаби наврасони футболи то 16 солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ - Аҳлиддин Турдиев дар 16-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020», ки аз 19-ум то 25-уми январи соли 2020 дар шаҳри Мински Беларусия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин мусобиқа 8 мунтахаби наврасони соли таваллудашон 2003 иштирок мекунанд. Дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон шомили гурӯҳи “В” шуда, бо яккачинҳои Исландия 19-уми январ, Исроил 21-уми январ ва Гурҷистон 23-юми неру месанҷад.