LIVE

Футболбозони навраси тоҷик ба шаҳри Минск мераванд

Аз 19-ум то 25-уми янавар дар шаҳри Мински Белоруссия  мусобиқаи "Ҷоми рушд 2020", миёни футболбозони то 16 сола баргузор мегардад. Наврасони кишвар зери роҳбарии мутахасисси шинохта Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа кишвари моро намояндагӣ мекунанд. Барои иштирок дар ин мусобиқа ситоди мураббиёни якачини U-16 18 бозигар аз он ҷумла 2 дарвозабон,  6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва ду ҳамлаварро даъват намудаанд.   Дар  “Ҷоми рушд 2020”,  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  дар гурӯҳи «В» бозӣ хоҳад кард.  Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Исландия,  Исроил ва Гурҷистон  мебошанд. Барои мунтахаби ҷавонони то 16 солаи кишвар иштирок дар мусобиқаи "Ҷоми рушд 2020" яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати Осиё-2020 мебошад, ки баргузорияш аз 16 сентябр то  3 октябр дар Баҳрайн дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив