LIVE

Наврасони Тоҷикистон имконияти ғалабаро дар “Ҷоми Рушд” аз даст доданд

Мунтахаби зери 16 солаи Тоҷикистон дар финали мусобиқаи байналмилаллии  “Ҷоми Рушд-2020” бо якачини наврасони Белорус бозиро бо ҳисоби 2 бар 2 ба анҷом расонид. Дар қисми аввали бозӣ футболбози хати ҳуҷум Абдуфатоҳ Худойдодзода ҳисобро кушод. Қабл аз анҷоми қисми аввали бозӣ Сунатулло Азизов бартарии мунтахаби Тоҷикистон ба ду гол боло бурд. Аммо наврасони мо ин бартарии худро то ба охир нигоҳ дошта натавонистанд. Дар пайти дуюми рақобат футболбозони навраси Беларус ба ҳарду голҳои сардодаашон посух гардонида, ҳисобро 2 бар 2 сохтанд. Дар иҷрои силсила зарбаҳои 11 метра Белорус ғалаба намуд ва ғолибиятро дар “Ҷоми Рушд-2020” ба даст овард. Тими миллии наврасони Тоҷикистон барандаи нишони нуқра шуд. Футболбозони навраси Белгия мақоми сеюмро ишғол карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив