LIVE

Ғалабаи дуюми наврасони тоҷик дар “Ҷоми рушд-2020”

Мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон рақобати охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2020” бо ғалаба анҷом дод. Дар даври охири марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2020”, ки дар шаҳри Мински Белорус ҷараён дорад, наврасони то 16 солаи Тоҷикистон бар муқобили ҳамтоёни худ аз Гурҷистон ба майдон баромаданд. Вохӯрии ин ду тим аз оғоз то анҷом ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Дар охир наврасони кишвар тавонистанд бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба намоянд. Бо вуҷуди он, ки ҳисоби бозиро футболбозони гурҷӣ кушоданд, вале дар идомаи рақобат шогирдони Аҳлиддин Турдиев ташаббусро ба даст гирифта, ба задани ду гол даст ёфтанд. Голҳои мунтахаби наврасони кишварро Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36-ум ва Сунатулло Азизов дар дақиқаи 76-ум ба самар расониданд. Хотиррасон мекунем, ки дар задани ҳарду голи тими наврасони меҳан Хусрав Тоҳиров нақши асосӣ бозид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив