LIVE

Наврасони тоҷик дар “Ҷоми Рушд” 4 гол хурданд

Мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз дар мусобиқаи байналмилаллии “Ҷоми Рушд-2020” бозии дуюми худро баргузор намуд. Ҳарчанд шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар дидори аввал ба пирӯзӣ даст ёфтанд, вале натиҷаи рақобати дуюм таъби ҳаводорони футболи тоҷикро хира кард. Дар даври дуюми мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2020” дар Минск мунтахаби наврасони то 16-солаҳои Тоҷикистон аз ҳамсолони исроилии худ бо ҳисоби бузурги 4:0 дучори шикаст шуданд. Ҳарчанд дар даври якум тими миллии наврасони мо мунтахаби Исландияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.  Дар дидори дуюми гурӯҳи “В”  бо ин рақиби пурқуввати худ майдондорӣ намуд. Дар ҳайати футболбозони навраси исроилӣ -  Бадер Иброҳим,  Канкеполски Илям ва Игбара Ела Элдин  голзанӣ намуданд.  Хотиррасон мекунем, ки мунтахаби наврасони мо дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд”  рӯзи 23-юми январ соати 14:00 бо якачини Гурҷистон қувваозмоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив