LIVE

Наврасони кишвар дар “Ҷоми Рушд” Исландияро шикаст доданд

Дар бозии даври аввали гурӯҳи “B”-и мусобиқаи байналмилаллии “Ҷоми Рушд”, ки дар шаҳри Мински Белорус ҷараён дорад, мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар рақобат бо наврасони Исландия дидори хешро бо пирӯзӣ ҷамъбаст карданд. Рақобати мунтахаби наврасони кишвар бо тими Исландия ҷолиб сурат гирифта, дар ин майдондорӣ футболбозони то 16 солаи кишвар пирӯзиро моли хеш карданд. Дидори мазкур бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид. Абдулфатоҳи Худойдодзода дар дақиқаи 27-уми дидор ҳисоби бозиро кушод.  Дар дақиқаи 50-уми қисми дуюм футболбозони тоҷик дар ҷаримагоҳ қоидаро вайрон карданд, ки дар натиҷа довар пеналтӣ таъин кард. Даниэл Деян Ҷурич аз зарбаи 11-метра ҳисобро баробар кард. Нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур  Сунатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум гузошт. Бо ҳамин наврасони кишвар аввалин дидори хешро дар мусобиқаи мазкур бо пирӯзӣ оғоз карданд. Рақобати дигари ин гурӯҳ байни мунтахабҳои Исроил ва Гурҷистон бо ҳисоби мусовӣ 1 бар 1 ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив