LIVE

Бразилия-қаҳрамони ҷаҳон!

Тими миллии наврасони Бразилия дар дидори ниҳоии Чемпионати ҷаҳон миёни бозгарони то 17 сола, ки дар варзишгоҳи “Безеррао”-и шаҳри Гама сурат гирифт бо ҳисоби 2-1 Мексикаро шикаст дода, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Қисми аввали бозӣ ҳич бар ҳич хотима ёфт. Дар миёнаи қисми дуюм ниммуҳофизатгар Брайан Гонсалес аз ҳайати Мексика ҳисобро кушод. Бразилиҳо бо кӯшиши Кайо Жорже аз зарбаи пеналтӣ дар дақиқаи 84-ум ҳисобро баробар карданд. Голи ҳамлагар Лазаро дар дақиқаи сеюми изофӣ пирӯзии “селесао”-ро дар ин дидор таъмин намуд.
Ҳамин тавр ҳайати мунтахаби наврасони футболи Бразилия бори чаҳорум дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм миллипӯшони навраси Фаронса бар ҳамтоёни нидерландии худ бо ҳисоби 3 бар 1 зафар ёфтанд. 
Бо ҳамин 18-умин Чемпионати ҷаҳон миёни бозигарони то 17 сола хотима ёфт. Пас аз 2 сол қаҳрамонии ин синну сол дар кишвари Перу баргузориаш дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив