LIVE

Наврасони мо ба финал баромаданд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври охири марҳилаи гурӯҳии "Ҷоми Рушд-2020" тими миллии зери 17-солаҳои Гурҷистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Пас аз ин ғолибият мунтахаби наврасони мо дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз ба зинаи аввал баромаданд. Мавқеи мунтахаби наврасони тоҷик танҳо пас аз рақобати мунтахабҳои то 17-солаҳои Исландия ва Исроил маълум шуд, зеро футболбозони навраси исроилӣ муддаии асосӣ барои ишғоли мақоми аввал маҳсуб мешуданд, аммо дар рақобати охирин аз мунтахаби зери 17-солаҳои Исландия бо ҳисоби 2:0 дучори бохт шуд. Ин натиҷа ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон имкон дод, ки дар ҷойи аввали гурӯҳ боқӣ монанд. Акнун наврасони то 16-солаҳои мо барои медалҳои тиллои ин мусобиқа бо ғолиби гурӯҳи “А” – мунтахаби наврасони Беларус ва ё Белгия рақобат хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив