LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) аз Академияи Краснодар шикаст хӯрд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дувуми санҷиширо анҷом дод.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар нерусанҷӣ намуд. Вохӯрӣ бо хисоби 4:1 ба фоидаи краснодарихо хотима ёфт. Голи ягонаро аз дастаи мунтахаби мо Масрур Ғафуров зад.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов қарор аст дар Туркия ду бозии дигар баргузор кунанд.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби  Тоҷикистон (U-16) дар  Туркия

24 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1

29 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Академияи Краснодар (U-16) – 1:4

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив