LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Булғористон ва Мексика бозӣ мекунад

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон 4 бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Бозии аввали наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Булғористон сурат мегирад. Дар рақобати дуюм шогирдони Зайниддин Раҳимов бо дастаи Академияи Краснодар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Рӯзи 31 январ наврасони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дуюми дӯстона анҷом медиҳанд.  Вохӯрии ниҳоии санҷишии дастаи мо бо мунтахаби Мексика хоҳад буд, ки ин бозӣ 3 феврал баргузор мешавад. Футболбозони тоҷик пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия ба шаҳри Минск рафта, дар он ҷо дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив