LIVE

Мусовии наврасони тоҷик дар бозии санҷишӣ

Бозии санҷишии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Туркия бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Голи яккачини наврасони то 16 солаи моро Кабир Салимшоев ба самар расонид. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар доираи машқҳои таълимию тамринӣ бо дастаи “Коняспор”-и Туркия бозии санҷишии худро 1:1 ва бо “Виктория”-и Белгия 0:2 карда буданд. Дидори охирини санҷишии шогирдони Аҳлидин Турдиев 8-уми феврал бо дастаи “Дебресен”-и Венгрия дар назар аст. Хотиррасон мекунем, ки машқҳои таълимию тамринии мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон дар Туркия як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад, ба ҳисоб меравад.     

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив