LIVE

Ҷавонони Тоҷикистон дар Туркия ба тамрин шуруъ карданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев 10-уми феврал барои як тамрини дуҳафтаина вориди Туркия шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар тамрингоҳи Туркия нахустин тамринро анҷом дод. Дар ҳайати мунтахаби мо 24 бозигар шомиланд. Нимҳимоятгари «Краснодар» Алиҷони Айнӣ бо дастааш тамрин мекунад ва дар ҳайати «тим ҷавонон»-и Тоҷикистон танҳо дар бозиҳои санҷишӣ ҷалб мешавад. 
Дар ҷамъомади тамринии мунтахаби Туркия, ки то 23 феврал идома мекунад, мунтахаби ҷавонони мо чор бозии назоратӣ баргузор мекунад. Аввалин спарринг барои тими Аҳлиддин Турдиев рӯзи 13-уми феврал бо тими ҷавонони «Ворскла»-и Украина (U-20) дар назар аст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив