LIVE

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар «Фремад Амагер»-и Дания ғолиб шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дуюми назоратӣ анҷом дод.
Ин дафъа рақиби футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ  дастаи “Фремад Амагер” аз Дания буд. Вохӯрӣ бо пирӯзии тими миллии Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати тими мо Асадбек Зиёзод ва Абдулло Шарифов гол заданд.
Қаблан шогирдони Аҳлиддин Турдиев дидори аввали худро бо тими ҷавонони «Ворскла»-и Украина мусовӣ (0:0) анҷом дода буданд.
Рӯзи 18-уми феврал, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими “Чертаново”, ки дар Лигаи ҷавонони Русия бозӣ мекунад, дидор анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив