Мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бозии сеюми санҷишии хешро дар Туркия баргузор намуд. Шогирдони Мубин Эргашев бо дастаи дуюми «Спартак»-и Москва дидор анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Эвренсеки» баргузор шуда, бо натиҷа 3:2 ба фоидаи футболбозони тоҷик хатм шуд. Аз ҳайати тими мунтахаби кишвар Ислом Зоиров ба номаш хет-трикро сабт кард.
