LIVE

Пирӯзии ҳангуфти мунтахаби Тоҷикистон бар Малдив

Дирӯз, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мунтахаби 19 солаи Тоҷикистон бозии нахустини хешро дар гурӯҳи “С” бар муқобили Малдив баргузор намуд. Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 голи беҷавобро таслими дарвозаи рақиб намуданд. Ҳамин тавр яккачини то 19 солаи кишвар бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19 соларо бо ҳисоби ҳангуфт оғоз намуданд. Футболбозони кишвар бозии дуюми худро санаи 4-уми октябр бар муқобили Лубнон доир мекунанд. Ҳамаи шуморо ба дастгирии тими миллии кишвар даъват мекунем!
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19 сола
Гурӯҳи «С». Бозии 1-ум
ТОҶИКИСТОН – Малдив – 9:0
Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив