LIVE

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ба Дубай меравад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 як ҳафта дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад. Дар ин ҷамъомад  футболбозони мо ду  вохӯрии дӯстона ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи 8 октябр шогирдони Мубин Эргашев бо ҳайати ҷавонони Шабоб Ал-Аҳлии Дубай (U-23) ва 12 октябр бо ҳамсолони худ аз Ветнам бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив