LIVE

Ғалабаи ҷавонони Тоҷикистон бар Ҷибути бо ҳисоби калон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба даври чорякниҳоии Ҷоми Миллатҳои Араб-2021, ки дар Миср ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар даври ниҳоии сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Ҷибути пирӯзии калон ба даст овард - 5: 0. Дар ҳайати ҷавонони Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дубл кард. Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ заданд.
Дар вохӯрии дигар дар гурӯҳи B дастаи Марокаш ба дарвозаи тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб чаҳор голи беҷавоб фиристод.
Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Марокаш ва Тоҷикистон ба аз квартети "В" ӣа марҳилаи плей-офф баромаданд. Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) рӯзи 29-уми июн бо тими миллии Миср бозӣ мекунад.

Next Post

Комментарии 1

sultonsho от 28 июня 2021 21:28
кай бози мекунад кай

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив