LIVE

Ғалабаи ҷавонони Тоҷикистон бар АМА дар Ҷоми миллатҳои араб

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аввалин ғалабаро дар мусобиқаи  Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки дар Миср  ҷараён дорад, ба даст овард. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи ҷавонони мо бар ҳамсолони худ аз АМА бо ҳисоби 3:2 ғалаба  ба даст овард. Ҳар се голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев ба самар расонд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷибути бозӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 26 июн соати 22:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Ҷоми миллатҳои Араб  (U-19)

Гурӯҳи "В". Даври 2
ТОҶИКИСТОН - АМА - 3: 2
Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммадалӣ Азизбоев (3).

Ҷибути 0-4 Марокаш

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив